Kazakhstan

Kyrgyzstan

Tajikistan

Turkmenistan

Uzbekistan

Home » Media and Internet, Politics and Society, Tajikistan

For Tajik readers: Дар баҳси байни додрасон ва журналистон ҳарду тараф бо интихоби вазнин рӯбарӯст

Image by neweurasia's Schwartz (CC-usage).

Image by neweurasia's Schwartz (CC-usage).

Editor’s note: This post is for our Tajik readers. The original post here.

Дар баҳси байни додрасон ва журналистон ҳарду тараф бо интихоби вазнин рӯбарӯст

Рӯзи сешанбеи 2-юми феврал нишасти додгоҳии се додрас бар зидди се рӯзномаи мустақил дар Тоҷикистон баргузор шуд. Ин мулоқоти аввал нишон дод, ки байни ду тараф ҷанги ҷиддие дар пеш хоҳад буд, зеро бурду бохт ва интихоби бузурге дар миёна аст. Давлат бояд байни қудрат ва адолат, нашрияҳо байни амният ва рисолат якеро баигузинанд.

Дар майдони муштзанӣ

Даъвогарон — додрасҳои Додгоҳи олӣ Нур Нуров ва Улуғбек Мамадшоев, инчунин додраси Додгоҳи шаҳри Душанбе Фахриддин Додометов бо роҳи мусолиҳатомез ҳал кардани масъаларо, ки аз тарафи ҳамкорашон додраси Додгоҳи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Амриддин Сафоев пешниҳод шуда буд, қатъиян рад карданд.

Аз ин рӯ Сафоев 23-юми февралро оғози расмии муҳокимаи парванда қарор дод. То он вақт ҳарду тараф бояд барои изҳори мавқеи ниҳоии худ санадҳои хешро омода ва пешниҳод кунанд.

Гуфтугӯҳо паси дарҳои баста баргузор шуд. Сардабирони нашрияҳо Хуршед Ниёзов (Фараҷ), Зафар Сӯфиев (Озодагон) ва Марат Мамадшоев (Азия Плюс) эҳсос мекарданд, ки гӯё  дар қарамрави бегона ҳастанд. Бо ин ҳама онҳо хушбин буданд, чун ҳавлии додгоҳ пур аз рӯзноманигорон, фаъолони ҳуқуқи башар ва пуштибонони озодии баён буд. Ҳатто бархе аз нозирони байналмиллалӣ, ки ба муносибати интихоботи парлумонӣ ба кишвар омадаанд, низ ҳузур доштанд.

Дар ҳоле ки Мамадшоев аз ҳимояти ҳамкасбонаш сипосгузорӣ мекард, Ниёзов вазъиятро ба румонҳои Кафка дар фазои баста ташбеҳ медод. Дар ин рӯз чанд баёнияи ҳимоятии бисёре аз созмонҳои тоҷикӣ ва байнулмиллалӣ мунташир шуда буданд. Дар ин миён Созмони Гузоришгарони Бидуни Марз рӯзи душанбе изҳороте нашр карда гуфтааст:

Мақомоти Тоҷикистон бояд истифодаи низоми додгоҳиро барои озору ранҷи расонаҳои озоди хабарӣ боздоранд. Нуктаи қонун зидди тӯҳмат бояд дигаргун шавад ва ҳаҷми ҷуброни зарари маънавӣ бояд бо имкониятҳои расонаҳо мутаносиб бошад.

Ба ғайр аз номукаммалии қонунгузорӣ як гароиши наве падид омадааст, ки афзоиши даъвоҳои додгоҳӣ ба зидди рӯзномаҳои асосии мустақили кишвар аст, ки дар чанд рӯзи гузашта зуҳур кардааст. Дар сурате ки то интихоботи парлумонии 28 феврал ҳамагӣ ҳафтаҳо мондааст, талоши тарс додани матбуот ошкоро ба мушоҳида мерасад.

Изҳороти Созмони Гузоришгарони Бидуни Марз дар асоси хабарҳои ба додгоҳ кашида шудани нашрияҳои мустақил ба миён омад. Чунончи, додгоҳ нашрияи “Пайкон”-ро ба пардохти қариб 69 ҳазор маҳкум кард. Ин ҳукм камаршикан аст ва мумкин аст нашрия баста шавад.

Мо бо ин ҳол ба куҷо меравем?

Бисёре аз ҳозирон аз даъвои калони зарари маънавӣ дар баробари расонаҳо дар ҳайрат буданд.Чандин касон пурсиданд, ки ин маблағҳои калон чӣ гуна ҳисобу китоб шудаанд.

Ба таври ҳайратангез, яке аз даъвогарон ишора кард, ки додрасҳо дар пайи даромад аз ҷаримаи нашрияҳо нестанд, балки мақсад доранд пулро ба барномаи бунёди нерӯгоҳи Роғун бахшанд.

Баъзе аз рӯзномангорон ин баёнияро кӯшише барои ба тарафи худ кашидани президент Раҳмон номиданд, ки маъракаи ҷамъоварии маблағ барои Роғунро сар кардааст ва Солеҳҷон Ҷураев, ӯ низ яке аз муттаҳамон мебошад (номаи ӯ буд, ки даъворо барангехт) гуфт, ки  тасмими ба додгоҳ кашидани расонаҳо “дар боло” гирифта шудааст.

Ман фикр мекунам, онҳое ки “дар боло” ҳастанд, мумкин аст дар курсиҳои ларзон менишинанд. Онҳо бояд дарк кунанд, ки бо интихоби мушкиле миёни ҳифзи обрӯи кишвари худ, ки бо матбуоти мустақилаш мефахрад ва эътибори низоми додгоҳии худанд, ки бо иттиҳоми фасод рӯбарӯ шудааст. Интихоби рӯзноманигорон низ сабук нест: ё нармтар кардани лаҳн ва ҷорӣ намудани худсонсурӣ то 23-юми феврал ва он ҳам дар ҳоле ки феврал бо сабаби интихоботи парлумонӣ моҳи доғе хоҳад буд, ё идомаи мубориза барои ҳифзи ҳастӣ ва хонандагони худ.

Bookmark and Share

Leave a comment!

Add your comment below, or trackback from your own site. You can also subscribe to these comments via RSS.

Be nice. Keep it clean. Stay on topic. No spam.

You can use these tags:
<a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>

This is a Gravatar-enabled weblog. To get your own globally-recognized-avatar, please register at Gravatar.