Kazakhstan

Kyrgyzstan

Tajikistan

Turkmenistan

Uzbekistan

Home » Media and Internet, Politics and Society, Tajikistan

For Tajik readers: Мусоҳибаи ихтисосӣ бо додраси Додгоҳи Олии Тоҷикистон Нор Нуров

Photograph of justice by Flickr user RaeA (CC-usage).

Photograph of justice by Flickr user RaeA (CC-usage).


Editor’s note: This post is for our Tajik readers.  See the original English version here.

Алфарабиус: Ҷаноби Нуров, метавонед, гӯед, ки  сабаби даъвои шумо ба зидди рӯзномаҳо чист?

Нуров: Сабаб ин аст, ки ҳамаи ин рӯзномаҳо ман ва дигар додрасҳоро ба таври бисёр яктарафа танқид мекунанд. Тӯҳмати беасос ба зидди мо равона карда шудааст, аммо чизе, ягон калимае ба зидди онҳое, ки ин мақолаҳоро ба зидди мо навиштаанд, оварда нашудааст. Ҳатто ягон шубҳае нест, ки онҳо рост мегӯянд ё дурӯғ. Тамоми рӯзномаҳои Тоҷикистон, тамоми журналистон ба зидди моянд. Ҳамин хел нест?

А: Шояд, аммо ба фикри Шумо чаро ҳамин хел шуда истодааст?

Н: Ман  намедонам чаро ҳамин хел шудааст. Мумкин касе ба чунин вазъият манфиатдор аст. Ба ростӣ, намедонам чаро ҳамин хел шуда истодааст. Ҳеҷ касе намехоҳад, ҷузъиёти парванда ва муҳокимаро донад, касе намепурсад, ки додрасҳо гунаҳкоранд ё не? Ман набояд ҳатто ба шумо бовар кунам, агарчи ба саволҳои шумо ҷавоб дода истодаам, чун бовар надорам, ки шумо ба ман бовар доред. Ин вазъи хеле печидааст, ки намешавад бо телефон фаҳмонд.

А: Биёед кӯшиш кунем. Додрас Солеҳҷон Ҷӯраев Шуморо ба ҳукмҳои ғариқонунӣ гунаҳкор мекунад. Вай менависад, ки шумо чандин гумонбаронро таҳти фишори раиси. Догоҳи Олӣ аз рӯи қонун ҳукм накардед,. Чи гуна Шумо инро рад мекунед?

Ҷаноби Нуров норозигӣ кард, ки телефон воситаи муносибе барои ин баҳс нест ва аммо баъд давом дод:

Н: Дар ин ҳол ман бояд бигӯям, ки додгоҳ ҳукми маро пуштибонӣ мекунад. Агар он ба зидди қонун буд, пас додгоҳи касатсионӣ мумкин аст онро дигар кунад. Вақте тасдиқ кард, касе ҳақ надорад, ки гӯяд он ғайри қонунӣ буд.

А: Аммо Ҷӯраев суханони Шуморо, ки дар сӯҳати телефонӣ гуфтаед, чоп кард. Аз рӯи он Шумо розӣ шудаед, ки тасмими додгоҳ ғариқонунӣ буд.

Н: Ман намехоҳам ҳоло дар бораи он шарҳ диҳам. Ман фақат онро дар додгоҳ шарҳ хоҳам дод. Ҳоли ҳозир такрор мекунам, ки ҳамаи чиз пурра аз рӯи қонун буд ва додгоҳ ҳукми маро тасдиқ кард.

А: Бубахшед маро агар ин саволи сахт аст, аммо одамон мехоҳанд донанд, ки чӣ гуна шумо “зарари маънавӣ” дидед? Сабаби норозигии шумо аз рӯзномаҳо чист?

Н: Гӯш кунед, норозигии мо дар додгоҳ ҳал хоҳад шуд. Додгоҳ ҳам чизро ҳал хоҳад кард.

А: Хуб. Як саволи дигар: Чи гуна шумо маблағи “зарари маънавӣ”- ро ҳисоб кардед?

Н: Ман онро худам ҳисоб кардам. Ин зарари маънавие, ки онҳо кардаанд (муттаҳамон). Албатта, ин тамими додгоҳ аст, ки тавре ман дархост кардам, маблағро нигоҳ дорад ва ё дигаргун кунад. Додгоҳ метавонад ки пардохти тамоми маблағро пардохт кунад. Ё онро пурра бекор кунад ва ё нимашро диҳад. Ман (ҳамчунин) дархост кардам, ки маблағ ба бунёди нирӯгоҳи барқии Роғун фиристода шавад. Додгоҳ тасмим хоҳад гирифт.

А: Ба фикри Шумо бештар кӣ барои зарар ҷавобгар аст, Ҷӯраев ва рӯзномаҳое, ки ин номаро нашр карданд?

Ҷаноби Нуров изҳор дошт, ки бо сабаби душвориҳои техникии телефон саволро шунида наметавонад.

А: Рӯзномаҳо мегӯянд, ки онҳо номаи Ҷӯраевро нашр карданд ва омодаанд ҷавоби Шуморо чоп кунанд. Чаро Шумо ба онҳо ҷавоб намедиҳед.?

Н: Шумо бо Қонуни матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон шинос ҳастед? Аз рӯи модаи 29, банди 3, рӯзномаҳо ва матбуоти оммавӣ ҳақ надоранд, ки қарори додгоҳро пеш аз ба ҳукми қонунӣ даромаданш, баҳс ва таҳлил кунанд. Мо онҳоро огоҳ кардем, ки дар бораи тасмим чизе нашр накунанд, то замоне ки ба ҳукми иҷро надарояд. Аммо онҳо нашр карданд.

А: Маро бубахшед, аммо шумо ба ман гуфтед, ки додгоҳ ҳукми шуморо пазируфт. Ин маъно дорад, ки он ба ҳукми қонун даромад. Аммо вакил мегӯяд, ки вай натавонист онро пешгирӣ кунад. Вай бовар дорад, ки ҳукм ғайриқонунист ва додситони кишвар низ ба чунин бовар аст. Оё зиддияте ҳаст?

Ҷаноби Нуров боз мегӯяд, ки саволро намешунавад. Ӯ баъд такрор мекунад, ки сӯҳбат телефонӣ нест, беҳтар аст, ба дафтараш оем ва ӯ ҳамаашро фаҳмонад.

А: Хоҳиш мекунам, ин саволи охирин мебошад. Ман медонам, ки дар Душанбе дер шудааст, барои ин узр мепурсам. Ин ҳақиқатан ҳам саволи охирин аст. Оё ин тибқи қонун буд, ки шумо аз додгоҳ хоҳиш кардед кори ҳар се рӯзномаро то охири муҳокима,  ки ба назар мерасад хеле давомдор хоҳад буд,  боздорад?

Н: Бале, Ин аз рӯи қонун аст, ки фаъолияти рӯзномаҳоро муваққатан боздошта шавад.

А: Коршиносон бовар доранд, ки даъвои Шумо ба интихоботи парлумонии дар пешистода пайванд дорад.

Н: Ин сафсатта аст. Чӣ гуна интихобот метавонад ба муҳокима рабт дошта бошад? Чи гуна интихобот метавонад ба ҷинояте, ки мо таҳқиқ мекунем ва  иттиҳоме, ки рӯзномаҳо ба мо мезананд, пайванд дошта бошад. Гапи бекора аст.

А: Баъзе аз одамон даъво ва талаби шуморо барои бастани рӯзномаҳо амали дорои ангезаи сиёсӣ меноманд. Шумо чӣ мегӯед?

Н: Гӯш кунед,, як нафар ба нафари дигар дар байни мардум аз тариқи матбуоти оммавӣ ҳамла кардааст. Чаро (даъво) бояд чун як амали сиёсӣ шуморида шавад.

А: Мефаҳмам. Ҳамчунин, яке аз мушоҳидагарон рӯзи чоршанбе навишт, ки тамоми баҳс ба муборизаи қудрат ва ё рақобат байни Додгоҳи Олӣ ва идораи Додситони кулл иртибот дорад. Ба навишати ӯ, нома алайҳи ҳукми  шумо барои ҳифзи Бобоҷон Бобохонов дар мақоми додситони кулл нашр шудааст.

Н: Не, ин дуруст нест. Бубинед, парвандае, ки ман барои додгоҳаш кӯшиш кардам, рӯшан буд: касе муовини Додситони куллро кушт, рафиқи вай ба буҷаи давлат даст дароз кард, хеши вай моликияти дигаронро ишғол кард ва боз чизҳои дигар. Чӣ гуна метавонем мо онро муборизае байни прокуратура ва суд донме. Дар асоси кадом далел мо метавонем онро гӯем. Мо тамоми далелро дорем, ки  онро инкор кунем. Агвр рӯзномаҳо омодаанд,  чизеро ки мо ҳангоми таҳқиқоти ин парванда ҷамъ овардаем нашр кунанд, мо омодаем номаи худамонро пешниҳод кунем. Дар он ҳеҷ баҳодиҳие нахоҳад буд.

А: Рӯзномаҳо мегӯянд, ки  онҳо омодаанд ин корро кунанд.

Н: Мо ҳам омодаем. Мо ба онҳо тамоми фактҳоро ба зудӣ пешниҳод хоҳем кард. Ҳатман!

А: Ташаккур ба шумо барои сӯҳбат. Гуфтание дар  охир доред?

Н: Бале, ба ҳам гуфтан мехоҳам, ки ман тамоми чизҳои ба парвандаи ҷиноятӣ марбутро ба воситаи матбуоти тоҷик ба хонандагон бе ҳеҷ гуна шарҳу эзоҳ пешниҳод мекунам. Бигзор онҳо хонанад ва худашон хулоса бароранд. Ҳамин, тамом.

Bookmark and Share

Leave a comment!

Add your comment below, or trackback from your own site. You can also subscribe to these comments via RSS.

Be nice. Keep it clean. Stay on topic. No spam.

You can use these tags:
<a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>

This is a Gravatar-enabled weblog. To get your own globally-recognized-avatar, please register at Gravatar.