Мавъизахои рухониён ва чавонони точик (бахши аввал)
«Хар чое, ки агар нишастан мехохед, шумо бояд дар атрофи порсохо, дар атрофи авлиёхову дар атрофи дустони Худо ва олимхо чамъ шавед…»
Ба телефони яке аз дустонам занг мезанам ва ба чои занги телефон ана хамин пораи вазъи яке аз рухониёни точикро мешунавам. Вокеан имруз дар баробари мусикихои рангоранг аксар чавонон дар телефонхои худ порахои мавъизахо дар мавзуъхои мухталифро сабт кардаву гуш мекунанд. Хамчунин шунидани мавъизахои рухониён имруз бештар дар дохили микроавтбусхо, ки бо садои баланд шунавонида мешавад ва ё дар бозори «Корвон», ки шунавандагони пайвастаи он точирони бозоранд, хеле зиёд мушохида мегардад.
Барои бахрабардори аз мавъизахои динии рухониёни маъруфе ба мисли Хочи Мирзо, Эшони Нуриддин, Эшони Махмудчон, Эшони Аллома хар рузи чумъа аз хар кунчу канори шахр ва навохии атрофи он афроди зиёде вориди масочид мешаванд, ки аксари онхо чавононанд. Рухониён мегуянд, мавъизахои онхо ва мавзуъхое, ки дар ин мавъизахо ё амри маъруфхо матрах мегардад, барои чавонон хусусияти тарбияви дорад. Аммо дар мавриди мухтавои мавъизахо ва шеваи гуфтори рухониён худи чавонони назархои мухталиф доранд. (more…)




